ЧАНДРАСОНАӢ

"Ситорачае" кашф нашуд,

аммо қасру кох ҳаст

Маблағгузорӣ ба соҳаи
фарҳанг дар Суғд зиёд шуд.
Аммо ҳамоно фарҳангчиён аз камёб шудани ҳунармандони ҷавон нигаронӣ мекунанд.
Соли равон дар шимолии Тоҷикистон 30 чорабинии калони фарҳангӣ аз он 12 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 18 вилоятӣ баргузор гардидааст. Масъулини Раёсати фарҳанги Суғд мегӯянд, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани ин чорабиниҳо беш аз 50 миллион сомонӣ маблағро ихтисос кардаанд. Яке аз бурди фарҳангчиёни Суғд ин барномарезиҳои ҷолиб буд, ки аз ҷониби сокинони кишвар ба хубӣ қабул гардид. Таҷлили ҷашни "Корвони наврӯзӣ" ва ҷашни 25 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар соли равон аз тантанаҳое маҳсуб мешуданд, ки бино ба гуфти фарҳангчиён онҳо тавонистанд як барномаи хуберо манзури омма гардонанд. Мақомоти маҳалливу вилоятии Суғд низ назар ба солҳои қаблӣ, соли 2016 ба қавле соҳаи фарҳангро ҳар чи бештар пуштибонии молӣ кардаанд.
Аз рӯи таҳлили масъулин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ, соли 2016 аксар дар шаҳри Хуҷанд доир гардида ва аз ин рӯ мақомоти маҳаллии ин шаҳр низ маблағҳои калонро дар ин самт ҷудо кардаанд. Раҳим Солизода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар ҷамъбасти 9-моҳаи ин шаҳр зикр намуд, ки соли ҷорӣ онҳо 160 чорабинии фарҳангӣ ташкил намудаанд, ки онро беш аз 340 ҳазор нафар тамошо карданд. Дар маҷмӯъ бино ба иттилои ҷаноби Солизода бо қарори раиси шаҳр барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва табъу нашри ду китоби бузург аз буҷаи Хуҷанд 215 ҳазору 753 сомонӣ маблағ сарф шудааст.
АФЗУДАНИ ТАВАҶҶӮҲ БА СОХТАНИ КОХУ ҚАСРУ МАҶМАА ДАР СУҒД
Соли равон дар Суғд 6 бинои қасри фарҳанг, як бинои кох ва ду маҷмаа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Қасри фарҳанги ноҳияи Ашт бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ бунёд гардид.

Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ соли 2015 бо харҷи 6 миллион сомонӣ ифтитоҳ гардида буд. Соли 2016 ба маблағи 86 ҳазору 480 сомонӣ атрофи бино бо панҷараҳои муҳофизатӣ маҳкам шуд.

Кохи фарҳанги "Суғдиён" ва Кохи ақди никоҳи Хуҷанд ба маблағи 30 млн
сомонӣ бунёд гардид.

Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ноҳияи Деваштич ба маблағи 1 млн сомонии буҷаи маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуд.

Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен ба маблағи 900,000 сомонӣ таъмиру мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод бо харҷи 1 млн 300 ҳазор сомонӣ қомат афрохт

Қасри фарҳанги шаҳри Исфара бо харҷи 40 ҳазор сомонии як ташкилоти ҷамъиятӣ пурра таъмир гардид.

Маҷмаа ва Қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 5 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол" дар Хуҷанд бо харҷи 37 млн сомонӣ бунёд шуд.
Дар маҷмӯъ барои бунёди бинои 4 қасри фарҳанг, кох ва хонаи ақди никоҳ ва ду маҷмаа 86 миллиону 900 ҳазору 300 сомонӣ маблағҳои буҷавӣ сарф гаштааст. Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ соли 2015 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва дар соли равон танҳо атрофи он бо панҷара маҳкам гардид. Қасри фарҳанги Исфараро як ташкилоти ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағҳои худ таъмиру тармим намуда ба он либосҳои саҳнавӣ харидорӣ намуд. Агар буҷаи дуи ин бинои қасрро ҳам ҳисоб кунем дар маҷмӯъ соли 2016-барои таъмиру сохтани қасру коху маҷмаа дар Суғд 87 млн 26 ҳазору 780 сомонӣ маблағ равона гардидааст.

МАНБАЪ: РАЁСАТИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТ, СОМОНАИ РАСМИИ МИҲД ВИЛОЯТИ СУҒД

Ориф Набиев, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ҳангоми натиҷагирии 9-моҳаи ин соҳа аз бурду бохти фарҳангчиён дар соли ҷорӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҷаноби Набиев мегӯяд, соли равон таваҷҷӯҳи мақомот ба рушди ин соҳа аз ҳар ҷиҳат зиёд шудааст ва бояд фарҳангчиён ҷавобан ба он бо барномарезии пурмазмуну диққатҷалбкунанда посух гардонанд. Ӯ ба мудирони бахши фарҳанги шаҳру навоҳии Суғд маслиҳат дод, то ин ки муносибат бо роҳбарони шаҳру навоҳиро хуб намоянд ва дар ҷавоб аз онҳо пуштибонии молӣ ҳам мебинанд.
Ориф Набиев

Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд
АЗ КЛУБСОЗӢ ТО ХАРИДОРИИ КИТОБ ДАР СУҒД
Масъулини Сарраёсати молияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, оғози соли 2015 иттилоъ дода буданд, ки давоми се соли ахир аз ҳамаи сарчашмаҳо барои рушди соҳаи фарҳанг ва бунёди иншоотҳои фарҳангӣ тақрибан 128 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Шурӯъ аз соли 2016, ки дар шимолии Тоҷикистон соли рушди фарҳанг эълон шуда буд, бунёду таъмири тақрибан 20 иншооти фарҳангӣ ба нақша гирифта шуд. Ҳоло дар шаҳру навоҳии Суғд 79 хонаи фарҳанг ва 128 клубҳо амал мекунад, ки аксарияти онҳо дар ду соли ахир таъмир ва ё бунёд шудаанд. Дар соли 2016 аз буҷаи вилоят 135 ҳазор сомонӣ маблағ барои таъмири Театри давлатии мусиқии тамошобинони ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд ҷудо шудаву корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст. Аз буҷаи бахши фарҳанги ноҳияи Деваштич низ барои таъмири боми хонаи фарҳангии марказӣ ва китобхонаи бачагонаи ноҳия 100,000 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
783173 сомонӣ
Дар соли 2016 ин миқдор аз буҷаи мақомоти маҳаллии шаҳру навоҳӣ ва ҳукумати Суғд барои беҳтар намудани вазъи китобхонаҳо, клубу мактабҳои санъат ва харидории чанде аз таҷҳизот ба бахши фарҳанг равона гардидааст. Дар поён мувофиқ ба шаҳру ноҳияҳо ин маблағ тақсимбандӣ шудааст.
29215 сомонӣ

Аз буҷаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба китобхонаҳои ҷамоати Дадобой Холматов ва шаҳраки Ғафуров бо маблағи 10,000 сомонӣ мизу курӣ харидори шуда ба маблағи 11 ҳазору 600 дигар ба китобхонаҳои ноҳия 354 адад адабтиёт харидорӣ шудааст. Мактаби санъати ноҳия ба маблағи 7615 сомонӣ соҳиби мизу курсӣ ва ҷевон гардид.
31500 сомонӣ

Аз буҷаи маҳаллии ноҳияи Айнӣ, клуби ҷамоати деҳаи Ревад ба маблағи 2400 сомонӣ ва кулуби деҳаи Похут ба маблағи 1100 сомонӣ оинабандӣ гардида, бо харҷи 28,000 сомонӣ студияи сабти овози ноҳия ташкил гардид.
700000 сомонӣ

Клуби деҳаи Саройи ҷамоати Понғози Ашт аз буҷаи вилоят ба маблағи зиёда аз 700,000 сомонӣ таъмиру тармим шудааст.
9880 сомонӣ

Мактаби санъати шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) ба маблағи 9880 сомонӣ бо компютеру мизу курсӣ таъмин гардид.
3000 сомонӣ

Ба китобхонаи марказии шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) 3000 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 12 адад миз ва 24 адад курсӣ харидорӣ шудааст.
3120 сомонӣ

Барои харидории тақҳизоти тақвияти овоз аз буҷаи маҳаллӣ ба бахши фарҳанги шаҳри Конибодом 3120 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.
6458 сомонӣ

Мақомоти маҳаллии ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) барои харидории 2 адад ноутбук барои анҷоми сабти овоз-5413 сомонӣ ва бо харҷи 1045 сомонӣ як адад факс харидорӣ кардааст.
486 ҷойи нишаст

Дар ноҳияи Зафаробод бо кӯмаки молии ҳукумати маҳаллӣ Хонаи фарҳанги ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод бо 280 ҷойи нишаст, клуби деҳаҳои Хайробод-52, клуби деҳаи Сарибоғи ҷамоати деҳоти Ҷомӣ-60, клуби деҳаи Хайробод-52, клуби деҳаи Ҳаёти Нав-47 ва китобхонаи марказии ноҳия бо 47 ҷойи нишаст таъмин гаштааст.
Коху қаср ҳаст аммо "Андалеб- 2016" "ситорачае"-ро рӯи саҳна наовард
Фестивал-озмуни "Андалеб- 2016", яке аз озмунҳои маъмулии бахши фарҳанг мебошад, ки бино ба гуфти Ориф Набиев, он имкон медиҳад истеъдодҳои нави ҳунар кашф ва рӯи саҳна оянд. Аммо сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд аз баргузурии имсолина фестивал-озмун дар Суғд изҳори нигаронӣ намуда гуфт, ки ягон чеҳраи нав аз ин фестивал кашф ва ё дарёфт нашуданд. Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфти Ориф Набиев "Андалеб- 2016" аз ҷиҳати молӣ ва ҳам саҳнасозӣ ба пуррагӣ омода буд. Ҳарчанд барои баргузории фестивал-озмун 51 ҳазору 313 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шуда бошад ҳам, вале масъулин натавонистаанд чеҳраҳои нави ҳунарро дарёфт кунанд.


Ҳалим Ҷӯраев
© журналист СМ-1
Анвар Ашӯров
ороишгари СМ-1
Made on
Tilda